- чанбарак
- [چنبرک]1. чӯбҳои аз ҳам гузаронидашудаи панҷарамонанд, ки дар пояҳои сандалӣ аз поён барои пой монда нишастан ва аз боло барои гарм нигоҳ доштани хӯрок устувор кардаанд: чанбараки сандалӣ2. шабакаи чӯбин, ки ҳамчун асбоби кор дар баъзе соҳаҳои ҳунармандӣ (мас., кашидадӯзӣ) истифода мешавад3. дом барои парандагон4. панҷара; девори панҷарашакл5. ҳалқае, ки аз навдаҳои дарахт бофта шуда барои нигаҳдорӣ ва интиқоли маҳсулоти ширӣ истифода мегардад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.